#dushanbemyvision

logo

ОЗМУН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ЛОИҲАИ СИНАМОИ
ТАҶРИБАВИИ «MY VISION» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

аз 7 июл то 1 сентябр

Қабули дархостҳо то 30 июн

Мундариҷа

#dushanbemyvision

icon_1
Дар бораи резиденсия
icon_2_2
Манифест
Омӯзгорон
icon_4
Дархост
Ташкилочиён ва шарикон

Дар бораи резиденсия

Дар бораи лоиҳа:

Резиденсия – ин мулоқот бо худи ҳунарманд, тавассути кори таҷрибавӣ бо мутахассисони соҳаи синамо ва ҷустуҷӯи забони синамои худ.
Фаъолияти резиденсияи лоиҳа ба инсонҳои замонавӣ, воқеиятро ба таври дуруст қабулкунанда, ҷӯяндаи абзорҳо барои пешниҳод кардани маъниҳо тавассути кор бо рамзҳои аёнии кишварамон, ҳақиқат, ҷомеа ҳамчун қисми сайёра, кайҳони кабир, табъи баланди эстетикӣ, ҳақиқати ба ҳама маълуми диёри азизамон ва ҷаҳон равона карда шудааст.

Мақсад ва вазифаҳо:

Фаъолияти резиденсияи лоиҳа ба самти баланд бардоштани донишҳои касбӣ оид ба истеҳсоли синамо дар байни ҷавонони болаёқати синни 18-35 сола, махсусан шахсоне, ки дар соҳаи ВАО фаъолият мекунанд, инчунин муаррифии мусбии симои кишвар тавассути амалӣ кардани корҳои филмофарӣ марбут ба мероси фарҳангии гуногунранг ва инсоншиносии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Манифест

Бефаъолиятӣ дигарсозандаву натиҷабахш нест. Он ба бесарусомонӣ оварда мерасонад. Агар занбӯрҳои асал беғайрат мебуданд, онҳо нобуд мешуданд. Табиат ба худ симои дигарро касб менамуд. Он ҷаззобият, нерӯи кашиш ва қувватро аз даст медод.

Шароитҳои ҳаёти муосир инсонро ба «Гурги даштӣ» – махлуқи беном ва таърих табдил додааст: ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ ӯро дар уқёнуси офтобӣ мугузорад, ки ӯ бо тарзи дигар зиндагӣ мекунад. Чунин «таҷассум» дар рӯи об тез ба вуқӯъ пайвастааст ба монанди якбора пайдо шудани ҷанин ва ворид шудани насли бакамолрасида ба дигар роҳ ва тарзи зиндагӣ, ки қаблан он барои ӯ чунин набуд. Қонунҳо ва равишҳои пешина барои тафаккури имрӯза бегонаанд. Дар ин уқёнус ӯ бояд ончунон кушиш кунад, ки то ба сатҳи такомул расад. Ин фазои сифатан нав дар назди қаҳрамонҳои худ вазифаҳои навро мегузорад – сифатҳои махсусро ташаккул медиҳад: эҳсоси ломиса ва биниш.

Блог

 Барои ман дастгирӣ намудани лоиҳаи мазкур шарафи бузург аст. Дар вақти дар Тоҷикистон омаданам ман бо бисёр инсонҳои лаёқатманд вохӯрдам, ки онҳо бо дастгирии андак ҳам қодиранд ба комёбиҳои назаррас даст ёбанд. Ман умед дорам, ки лоиҳаи мазкур барои омода кардани мутахассисисони ояндаи соҳаи кинематография ёрӣ мерасонад, онҳо бо истифода аз таърихи бою рангини халқи тоҷик ба оламиён Тоҷикистонро аз нигоҳи мусбӣ - кишваре, ки ман онро тасаввур мекунам ва дӯст медорам, муаррифӣ мекунанд ва нишон медиҳанд

Сафири фавқуллода ва мухтори Иттиҳоди Шоҳигарӣ ва Ирландияи Шимолӣ
Ҳю Филпотт

Дастаи мо

Аниса Сабири

Аниса Сабири

роҳбари лоиҳа

Исмаил Зибаи

Исмоил Зибаи

куратор

Парвина Гулямова

Парвина Гуломова

продюсери хаттӣ

Омӯзгорон

Екатерина Суворова

Екатерина Суворова

– коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣаз Қазоқистон.

Хатмкардаи «Курси олии филмноманависон ва коргардонҳо дар Маскав, таҳсили худро дар мактаби Венера Херсого дар Лос Анҷлеси ИМА идома додааст.
Лауреати ҷоизаи Гилдии мунаққидони синамои Русия «Завтра море» (2016) – нахустин филми ҳуҷҷатии пурраметраж, нахустнамоиши он дар фестивали байналмиллалии Локарно (Lokarno IFF) гузаронида шудааст.
Баъд аз нахустнамоиши филм дар бисёре аз фестивалҳои ҷаҳонӣ ( Thessaloniki IFF, Jihlava Documentary IFF, San Francisco Documentary IF, «Artdocfest», Open City Docs) ба намоиш гузошта шуд ва барои намоиш дар якчанд шабакаҳои телевизионии байналмиллалӣ (RSI — Шветсария, Current Time TV, Eest Rahvus ringhääling) харидорӣ гардид.
Лауреати мукофоти гилдии мунаққидони синамои Қазоқистон «Барои саҳм дар рушди кинематография» 2016;– «Мукофоти инсоншиносӣ ва рушди босубот»-и фестивали байналмиллӣ ба номи Жана Руша. Париж/ Фаронса/ 2017;

Тимур Зульфикаров

Тимур Зулфиқаров

– шоир, насрнавис, драматург, муаллифи филмнома

Бо мукофоти голливудии «Хартли-Мерилл» барои филмномаи беҳтарин (1991) сарфароз гардонида шудааст ва инчунин мукофоти англисии «Коллетс» барои «Романи беҳтарини Аврупо-93» ба даст овардааст. Лауреати ҷоизаи Бунинии «Ясная Поляна» барои «Асари машҳури бадеии адабиёти рус», ҷоизаи «Лучшая книга года» (Китоби беҳтарини сол), ҷоизаи Антон Делвига.
Муаллифи филмномаи: «Человек уходит за птицами» (Инсон аз паси паррандагон меравад) (коргардон А. Ҳамраев, 1974) — ГМ дар ш. Деҳлӣ, мукофоти «Серебряный Павлин» (Товуси нуқрагин); «Черная Курица, или Подземные жители» (Мурғи сиёҳ ва сокинони зеризаминӣ) (коргардон В.Грес, 1980) — Мукофоти асосии СМ; «Миражи любви» (Ишқи хушку холӣ) (коргардон. Т. Океев,1986) — мукофоти «Золотая Сабля» (Шамшери тиллоӣ) — СМ дар ш. Димишқ.

Садулло Рахимов

Садулло Раҳимов

– аъзои Федаратсияи байналмиллалии мунаққидони синамои FIPRESCI, фарҳангшинос, доктори илмҳои фалсафа

Сафар Хакдодов

Сафар Ҳақдодов

– филмноманавис муҳаррири тоҷик, аъзои иттифоқи синамогарони СССР, роҳбари иттифоқи синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари КБ “Дидор”

Филмномаҳо барои бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ навиштааст дар байни онҳо филмҳои кӯтоҳмуддати бадеӣ аз зумраи “Хоб дар зиндагии воқеӣ”(1991) ва 11 ҷоиза аз филми бадеии “Зуҳри воқеӣ ” таҳти коргардонии Носир Саидов дар кинофестивали байналмилалии Гран-при дар шаҳри Тампери Финландия бо ҷоиза сарфароз гардидааст.

master_20

Малик Зенгер

– Коргардони қазоқ, муаллифи филнома ва рассом, атмкардаи New York Film Academy (2012 с.)

Муаллифи клипҳои машҳури гурӯҳи мусиқавии қазоқистонии «Moldanazar» ва овозхони колумбиягӣ Лаура Таррес, (AVIADOR, Mannequin), ролики рекламавии «ToyZhyry» (Wedding Song), ғолиби ҷоизаи ГРАН-ПРИ International Advertising Festival Red Apple
Дар жанрҳои масҳака, фантазия ва реклама кор мекунад.

Зарина Кодзаева

Зарина Кодзаева

– оператор, видеограф

Хатмкардаи Мактаби синамои нави Маскав, пажӯҳишгоҳи оператории Олега Лукичева
Филмнома:
Оператор- басаҳнагузорандаи филми бадеии «Навои танбур»-и коргардон Аниса Сабири.
Оператори дуюм дар филми хунарии “Хайру манзур нахоҳем кард” таҳти коргадонии Павел Дроздов ва оператор басаҳнагузаранда Кирилл Сперанский
Оператор- басаҳнагузаранда дар филми «Ҳаёти Рустам» коргардон Игор Сой дар фестивали«Короче»
Оператори филми «Тангои хунук»-и Владимир Чухрая Оператор- басаҳнагузарандаи филми «Алиса» , коргардон Даря Слюсаренко дар фестивали «Аннаи авлиё».
Рассоми видиоии намоишномаи «Кристофер ва падар» лауреати театри Ниқоби тиллоӣ. «Даври II”.

Шахринисо Яковлева

Шахринисо Яковлева

– навозанда, бастакор

Навозанда, бастакор, яке аз беҳтарин коргардонҳои овози Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд дар ҳайати дастаи бастакорон ва навозандагони Далер Назар кор кардааст. Дар барномаҳои синамои байналмилалӣ ва инчунин филмҳои ватанӣ аз ҷумлаи «Хоби маймун» -и Руми Шоазимов «Навои танбур»-и Аниса Сабири, «Бархез модар»- и А. Зокиров ва ғайраҳо фаъолият намудааст.

Диловар Султони

Диловар Султони

– режиссер-постановщик и режиссер монтажа

Ученик всемирно известного иранского режиссера Мохсина Махмальбофа, в команде которого работал на протяжении многих лет. Участник МКФ в Пусане с работой “Белый воробушек”. Является ярким представителем современного таджикского кинематографа.

Манзура Ульджабаева

Манзура Улҷабоева

– рассоми хизматнишондодаи театр ва кино, омӯзгор, аъзои ҷамияти киноматаграфони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои иттифоки рассомони собиқ ИҶШС ва итифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1976 рассоми басаҳнагузорандаи кастюм дар киностудияи “Тоҷикфилм ” буда, бо якчанд коркгардонҳои машҳури синамо аз қабили Барис Кимягаров, Валерий Аҳадов Сайф Раҳимов, Виктор Мирзаянс, Лариса Садилова ва дигарон кор ва фаъолият намудааст.

Тимур Нусимбеков

Тимур Нусимбеков

– рузноманигор, публитсист, роҳбари соҳаи санъат ва ВАО. Хатмкардаи факултаи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Қазокистон ба номи Ал-Фаробӣ ва Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ДДУК).

Хатмкардаи барномаҳои пешсафи Департаменти давлатии ИМА IVLP дар Вашингтон ва инчунин якчанд донишкадаҳои таълимӣ, аз ҷумла санъат дар Маскав, Ню Йорк, Миннеаполис, Анкара ва Истамбул. Роҳбари зиёда аз 20 намоишхои санъати замонавӣ мебошад. Бо маҷаллаи Esquire-и Русия ҳамкорӣ намудааст.
Филмноманависи филмҳои ҳуҷҷатии дар бораи бастакор Куате Шилдебаев ва велосипедрон Александр Винокуров. Асосгузор ва сармуҳаррири маҷаллаи Esquire -и Қазоқистон мебошад. Танзимгари чунин ситораҳо ба монанди гурӯҳи мусиқавии Buhar Jerrau, бастакорон Куате Шилдибаев, Галимжан Молданазар. Асосгузори барномаи ADAMDAR/CA (Осиёи миёна ва Кафқоз), Аъзои идоракунӣ ва роҳбари фарҳангии фестивали байналмиллалии Go Viral.

Алексей Румянцев

Алексей Румянсев

– тарроҳ, аниматори 3d, рассоми санъати муосир

Муаллифи зиёда аз 300 роликҳои иттилоотӣ аниматсионӣ ва иҷтимоӣ.
Иштирокчии чорабинии 52-умини Венетсианӣ (Италия), фестивали синамои таҷрибавии байналмилалӣ ва санъати видеоӣ (Kurye International Video Festival) (Турсия), намоиши санъати замонавии «Между небом и землей» (Байни замину осмон) (Британияи Кабир) ва инчунин хонаи намоишии Sotheby бо намоиш-фурӯш – «Дар чорроҳа» (Британияи Кабир).

Румянцева Алла

Румянсева Алла

– рассоми видео

Муаллифи бисёр корҳо, ки ба чорабиниҳои санъати муосир ба монанди Kurye International Video Festival, «One Minute Film Festival,FIFES, Purgatory Film Exhibition, VIDEO FORECAST-a Selection oo Video Art orom Central Asia, Video Art And Film From Tajikistan пешниҳод карда шуданд.

Қоидаҳои кор дар

резиденсияи лоиҳа

СОХТОРИ РЕЗИДЕНСИЯ

Лаборатория

  • кор бо мутахассисони соҳаи кино дар Тоҷикистон ва ҳунармандон аз хориҷа, ки бо иширокчиёни лоиҳа фаъолият мекунанд.

Истеҳсолот

  • Раванди банаворгирӣ, амалисозии лоиҳаҳои филмҳо

Пешрафт

  • Намоиши нахустини филм, муваффақият дар фестивал

МАРҲИЛАҲОИ КОР ДАР РЕЗИДЕНСИЯ

  • Лабораторияи кино бо мутахассисони соҳаи кинои Тоҷикистон ва ҳунармандон аз хориҷа. Назрия ва амалия
  • Истеҳсоли филмҳо
  • Фестивали филмҳои ҳуҷҷатӣ
  • Пешбарии филмҳои беҳтарин дар фестивалҳои хориҷӣ

Дархост

Қабули дархостҳо то 30 июн

Барои ширкат намудан дар Озмуни лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision», пур кардани дархост ва навиштани шарҳи мухтасар (тавсияҳо оид ба навиштани шарҳи мухтасарро метавон аз ин ҷо дарёфт намуд:) оид ба филми кӯтоҳ дар мавзӯи «Тоҷикистон аз диди ман», ки номзад мехоҳад онро дар доираи фаъолияти лоиҳа ба навор гирад. Афзалият ба воқеаҳои асил дода мешавад.

Талабот нисбати номзадон:

  • Синну сол – 18-35 сола.
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ВАО/синамо ҳатмӣ нест, вале ба он афзалият дода мешавад.
  • Дархосткунанда бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
  • Имконияти пайваста дар қароргоҳ аз 14 то 21 июл зиндагӣ кардан.

Имкониятҳои бурсиявӣ:

  • Иштирок дар лоиҳа ройгон аст.
  • Хароҷоти зиндагии якҳафтинаи иштирокчиёни интихобгардида дар қароргоҳи берун аз шаҳр буда (воқеъ дар Варзоб), хӯрока, таълим барои ҳунармандон дар тамоми давраи фаъолияти қароргоҳ (аз 7 июл то 1 сентябр) пардохт карда мешаванд ва бурсияи хурд барои истеҳсоли филм пешниҳод карда мешавад.

Ташкилкунандагон

Лоиҳа бо дастгирии Сафорати Иттиҳоди Шоҳигарии Британия ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шарикон

Тамос

Лутфан барои гирифтани фикру мулоҳизаҳои ҷавобӣ бо мо тариқи суроғаи электронӣ ё телефон тамос гиред.

(+992) 901 00 0318 – Исмаил Зибаи

(+992) 907 99 66 64 – Парвина Гулямова

info@dushanbemyvision.com

@dushanbemyvision